Таърихи Арванд

ҶДММ ТАҚХ «Арванд» - яке аз ташкилотҳои маблағгузории хурди пешқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз рӯзи таъсисёби, яъне соли 2002, дар доираи Лоиҳаи Минтақавӣ оид ба Маблағгузории хурд дар Водии Фарғона, ки аз тарафи Намояндагии ACDI/VOCA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегашт, ташкилот ҳамаи саъю кӯшиши худро барои ба даст овардани ҳамдигарфаҳми, қонеъ намудани талабот ва густариши ҳамкории муфид бо мизоҷон равона менамояд. Қарзҳои  пешниҳодшаванда ба соҳибкорони хурд ва табақаи камбизоати аҳоли имкони афзун намудани даромад ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳоро фароҳам меорад. Илова ба пешниҳоди қарз, ҶДММ ТАҚХ «Арванд» хизматрасониҳои кушодани суратҳисобҳои амонатӣ, интиқоли маблағ, мубодилаи асъор,  ҳисоббаробаркунии хазинавиро  пешниҳод менамояд.  Дар баробари хизматрасониҳои молияӣ, ҶДММ ТАҚХ “Арванд” хизматрасониҳои ғайримолиявӣ, ба монанди,  тренинг ва машваратҳои мутахассисонро пешниҳод менамояд.

Айни замон шабакаи филиалҳои ҶДММ ТАҚХ “Арванд” аз беш аз 70 нуқтаҳои хизматрасонии   иборат аст, ки дар онҳо зиёда аз 900 нафар кормандони баландихтисос фаъолият мебаранд.        

Муассисони  ҶДММ ТАҚХ  «Арванд»:

  •  ФҚХ «МикроИнвест»

  • ОсОО МКК «Фронтиэрс»
  • Triodos Fair Share Fund
  • Triodos Microfinance Fund
  • Rural Impulse Fund II


Таърихи Арванд. Аз чӣ он оғоз ёфт?

Маркази Дастгирии Тараққии Микросоҳибкорӣ (МДТМ), соли 2002 аз ҷониби ташкилоти байналхалқии ACDI/VOCA, дар доираи Лоиҳаи минтақавӣ оид ба Маблағгузории хурд дар Водии Фарғона таъсис дода шудааст.  ACDI/VOCA моҳи  октябри соли 2001 барои амалигашт ва идоракунии Лоиҳа, дар доираи Барнома оид ба Субот ва Амнияти Озуқаворӣ, бо Агентии  Рушди Байналхалқии ИМА (USAID) созишномаи иттиҳодиявӣ бастааст. Дар ибтидо 4 сол давом ёфтани лоиҳа   дар назар дошта шуда, сониян он то 31-уми июли соли 2006 идома дода шуд. 

Моҳи марти соли 2002 ACDI/VOCA раванди киро ва омӯзиши ҳайати кормандонро ба итмом расонида, 31-уми марти ҳамон сол дар шаҳри Хуҷанд ба панҷ гурӯҳ қарзҳои аввалин дода шуданд. Он замон дар лоиҳа ҳамагӣ 12 нафар фаъолият менамуданд. Методологияи дар рушди ташкилоти маҳаллӣ ба кор бурдаи ACDI/VOCA дар ду барномаи ACDI/VOCA, ки  дар Осиёи Марказӣ бомуваффақият амал мекард,   асос ёфта буд:

  • Фонди Қарзии Қазоқистон  (ФҚҚ), www.kclf.kz;
  • Фонди Молиявии Бай Тушум (ФМБТ) дар Қирғизистон, www.baitushum.kg.

Моҳи январи соли 2003 МДТМ дар Идораи Адлияи Вилояти Суғд ҳамчун ҷамъияти иттиҳодиявии сатҳи вилоятӣ расман ба қайд гузошта шуд.                                                                                                                    МДТМ дар ноҳияҳои гуногуни вилояти Суғд зеридораҳои худро кушод. Аввалин зеридораҳо моҳи январи соли 2003 дар шаҳраки Нови ноҳияи Спитамен ва шаҳраки Пролетарски ноҳияи Ҷ.Расулов кушода шуданд. Моҳи августи соли 2003 зеридора дар шаҳри Истаравшан кушода шуд. Моҳҳои феврал ва декабри соли 2004 зеридораҳо дар Бӯстон, ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳри Исфара кушода шуданд.

Бо мақсади амалигашти Қонуни ҶТ «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузори хурд», соли 2004  МДТМ  бо номи Фонди Қарзии Хурди «МикроИнвест» аз нав ба қайд гирифта шуд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирӣ зарурбуда дар интиҳои моҳи феврали соли 2005 омода ва ба ба Вазорати Адлия пешниҳод гардида, 2-юми марти ҳамон сол  Фонди Қарзии Хурди «МикроИнвест» расман ба қайд гирифта шуд.

ФҚХ «МикроИнвест» яке аз муассисаҳои молиявии  пешрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гашта, барои рушди худ  қадами навбатиро гузошта, соли 2008 ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Арванд» табдил дода шуд.          

Соли 2014 ҶДММ ТАҚХ “Арванд” расман бо Сертификати «SMART Campaign»  мукофотонида шуда, аввалин муассисаи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, ки бомуваффақият мавҷудияти мувофиқати комил ва риояи 7 принсипи ҳимояи мизоҷон, 30 стандарт ва 95 нишондиҳандаҳоро дар амал татбиқ намуд.

Сертификати «SMART Campaign»  - нишонаи сифат дар соҳаи маблағгузории хурд буда, бенуқсонии сифати хизматрасонӣ ба мизоҷони ҶДММ ТАҚХ “Арванд” , шаффофияти мукаммали нархгузорӣ, пешниҳоди бастаи хизматрасонии молиявӣ мувофиқи эҳтиёҷоти мизоҷ, муомилаи хуш, махфӣ нигоҳ доштани маълумот оид ба мизоҷ, механизми оқилонаи баррасӣ ва ҳалли шикоятҳо, инчунин комилан мувофиқ будани тартибҳои ба пешгирии қарздории аз ҳад зиёд нигарондашударо, ки дар шароити коунунии буҳрони иқтисодӣ хеле муҳим аст, тасдиқ менамояд.  Танҳо якҷоя бо мизоҷон ҳаллу фасл намудани масъалаҳо ба мо барои муқовимат ба тағйироти молиявии ҷорӣ  имкон медиҳад ва бо кӯшиши муштарак мо вазъияти конуниро барои бомуваффақият  бартараф намудани ҳамаи мушкилот истифода бурда метавонем. 

Ҷоизаи мазкур - ин хизмати шоёни кулли дастаи Арванд мебошад, ки тамоми саъю кӯшиш ва маҳорату малакаи худро ба соҳаи маблағгузории хурд нигаронида, ба ғолибияти бузург ноил гаштанд! 

Тиҷорати иҷтимоӣ – ин тиҷорати мо!

Арванд! Дастгирии мо – дастоварди Шумо!  

Логотипи ҶДММ ТАҚХ "Арванд" чӣ маъно дорад?

Мафҳуму маъно ва принсипҳои сохтори логотипи ҶДММ ТАҚХ "Арванд":

РОМБ – муассисаи молиявӣ                                                                    ҚИСМИ БОЛОИИ ЛОГОТИП – қадамҳои аз қарзҳои хурд ба калон

ҚИСМИ ПОЁНИИ ЛОГОТИП – қадамҳо аз амонатҳои хурд то калон

РАНГИ ЛОГОТИП – рушди ташкилот
АКС ДАР ҚИСМИ ПОЁНИИ ЛОГОТИП - шаффофият, ки яке аз арзишҳои ташкилот мебошад.

Арванд

Ташкилоти амонатии кредитии хурди

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, х. И.Сомони 1-а

+992 (92) 795-00-01
office@arvand.tj