Шаҳноз Икромӣ

Маълумот - Олии иқтисодӣ ДДХ - Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик  Б. Ғафуров, ихтисос - Молия ва қарз; ITC - Маркази байналхалқии тренингӣ, Курси (ILO) «Калиди маблағгузории хурди бомуваффақият»;  GTZ - Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкории техникӣ, Курси “Тренинг оид ба омодакунии тренерон” - Тренер - мушовир оид ба баҳисобгирии молиявӣ ва идорӣ, аудит ва қарздиҳии хурд.  Таҷрибаи корӣ:Шаҳноз Икромӣ ба фаъолияти меҳнатии худ аз соли  1998 дар нуқтаи ваколатдори   «Амонатбонк» дар ш. Чкаловск, ки вазифаи муҳосиб-амалиётчиро адо мекард, шурӯъ намудааст. Дар ташкилоти маблағгузории хурд фаъолият намуда, уҳдадориҳи хизматиро аз корманди қарзӣ то ба Директори департаменти рушд ва мурофикати амалиётҳои ҶСП Бонки “Арванд” тай намудааст. БА ҳайати аъзоёни Раёсати ҶСП Бонки «Арванд» шомил аст. Дар доираи барномаи омодасозии Тренерон, ки аз тарафи ГТЦ ва АТМХТ (АМФОТ) дорои сертификат гашта, то ба имрӯз бо намояндагоин ТМХ ҶТ ба ҳайси Тренер-мушовири тиҷоратӣ ҳамкорӣ меамояд.