Содиқова Шоира Музаффаровна

Image

Маълумот - олии иқтисодӣ

  • ФХДТТ - Филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ихтисос - Иқтисодиёт ва идоракунии саноати сабук;
  • Донишгоҳи Миннесота ИМА, ихтисос - Маъмуригардонии  тиҷорат;
  • MBA Мактаби Тиҷорати Маскав, ихтисос - Магистри маъмуригардонии тиҷорат;
  • Тренинг оид ба маблағгузории хурд дар  сатҳи байналмилалӣ;
  • Коршиноси Маблағгузории хурди дорои сертификат. Мактаби Молия ва Менеҷмети  Франкфурт.

Таҷрибаи корӣ:

Шоира Музафаровна тақрибан 18 соли собиқаи корӣ дар соҳаи маблағгузории хурд ва зиёда аз 15 сол таҷрибаи идоракунии ташкилоти маблағгузории хурдро дорад.

Ӯ фаъолияти кории худро дар ТҒД "Саодат" дар доираи лоиҳаи "Оянда" оғоз намудааст, ки он қарздиҳиро дар намуди молӣ анҷом медод. Ӯ дар мабдаъи Фонди қарзии хурди "МикроИнвест" ва ҶДММ ТАҚХ «Арванд» қарор дошта, фаъолияти худро ба ҳайси Раиси ҶСП Бонки «Арванд» идома медиҳад.

Шоира Музафаровна Раиси ЧСП Бонки "Арванд" мебошад. Ғолиби ҷоизаи бонуфузи байналмилалии "Зан дар тиҷорат 2014" барои "Мусоидат ба баробарии гендерӣ дар муассисаи молиявӣ" ва саҳми назаррас дар рушди бахши молиявии Тоҷикистон. Ғолиби ҷоизаи "Беҳтарин соҳибкори соли 2019" мебошад.