Амонати «Волидайн»

Амонати «Волидайн»

То чӣ андоза ғамхорӣ намудан ба волидайн муҳим аст? Ба ҳамагон маълум аст, ки чӣ тавр волидайн фарзандони худро парасторӣ менамоянд, зеро онҳо маънии зиндагии худро дар ҳамаи ин мебинанд. Вале мо, дар навбати худ, инчунин нисбати волидайни худ ғамхорӣ зоҳир менамоем. Ин муносибатҳоро ҳусни тафоҳуми оилавӣ меноманд.

Таъиноти мақсаднок: Амонат барои волидайн, ки мехоҳанд даромадҳои худро баҳри ояндаи фарзандон пасандоз намоянд ва ё мехоҳанд воситаҳои пулии худро барои таъмин намудани давраи пиронсолии худ, бо ҳармоҳа гирифтани фоизҳо, ҷамъ намоянд, пешбинӣ шудааст.

Шартҳои амонатгузорӣ:  Пурра кардани суратҳисоб то нимаи муҳлат имконпазир аст. Ба ҳамон муҳлат тамдид мегардад ва бо меъёри фоизие, ки дар давраи тамдидкунӣ амал менамояд.

Асъор Маблағи ҳадди ақали амонат Мӯҳлат % Меъёри фоизи Пардохт %
Сомонӣ     100 аз 3 то 5 моҳ 6% Моҳона
аз 6 то 8 моҳ 8%
аз 9 то 11 моҳ 10%
аз 12 то 17 моҳ 14%
аз 18 то 24 моҳ 15% 
Доллари ИМА 20 аз 3 то 5 моҳ 1% Моҳона
аз 6 то 8 моҳ 2%
аз 9 то 11 моҳ 3%
аз 12 то 24 моҳ 4%

 

Тағирот: 04.11.2020

Амонати «Волидайн» – ғамхорӣ нисбати волидайни Шумо!