Қарздиҳӣ дар доираи лоиҳаи «GEFF Тоҷикистон»

GEFF Тоҷикистон

GEFF Тоҷикистон ба бахши хусусӣ кумаки молиявӣ, техникӣ ва ҳавасмандкунии сармоягузорӣ бо мақсади рушди устувори кишвар пешниҳод менамояд. GEFF Тоҷикистон лоиҳаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд мебошад, ки бо Иттиҳоди Аврупо, Фонди Иқлими Сабз ва Ҷумҳурии Корея ҳамкорӣ мекунад. Ин лоиҳа тавассути Шарикони Молиявӣ ҳамкорӣ карда, 25 миллион доллар барои сармоягузорӣ ба сарфаи энергия ва истифодаи самаранокии захираҳои дигар ҷудо карда шудааст, ки гузариши кишварро ба иқтисоди сабз дастгирӣ мекунад. GEFF Тоҷикистон ба соҳибкорон, деҳқонон ва хонаводаҳо дар кам кардани хароҷоти энергия ва дигар захираҳо инчунин барои баланд бардоштани рақобат тавассути истифодаи технологияҳо ва таҷрибаҳои баландсифат кӯмак мерасонад.

Дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо, GEFF Тоҷикистон грантҳо ба деҳқонон ва корхонаҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ ва занҷираҳои арзиши иловашуда фаъолият мекунанд, барои сармоягузорӣ ба таҷҳизотҳо ва технологияҳои муосир ва муассир пешниҳод менамояд. Гурӯҳи мутахассисони GEFF дар марҳилаҳои гуногуни таҳияи лоиҳа, баҳодиҳии сармоягузорй ва татбиқи лоиҳа хизматрасониҳои техникӣ пешниҳод менамояд. Ин барои муайян кардани роҳи ҳалли беҳтарин ва таъмин кардани асоснокии техникии лоиҳа барои маблағгузорӣ дар доираи лоиҳаи GEFF кӯмак мерасонад.

Мизоҷони мувофиқ:

Категорияҳои зерини қарзгирандагон метавонанд ба GEFF муроҷиат кунанд:

Занҷираҳои арзиши иловашуда

дар соҳаи кишоварзӣ

Соҳибкорӣ | Манзилӣ 

  • Корхонаҳои микро, хурд ва миёна, ки дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ кор мекунанд ва дар занҷирҳои арзиши иловашудаи кишоварзӣ фаъолият доранд, ба монанди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маводи хӯрока ва нӯшокиҳо, банду баст, нигоҳдорӣ ва интиқол
  • Хонаводаҳо ва ассотсиатсияҳои манзилӣ
  • Корхонаҳои микро, хурд ва миёна
  • Таъминкунандагони хизмат ё Фурӯшандагон ё Истеҳсолкунандагони таҷҳизотҳои мувофиқ

 

Технологияҳои маблағгузоришаванда:

 

Ба воситаи GEFF ду категорияи васеи сармоягузорӣ маблағгузорӣ карда мешаванд:

  • Сармоягузорӣ ба технологияҳои стандартии қаблан тасдиқшуда, самаранокиашон баланд ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, ки дар руйхати Селектори Технологияҳои Сабз ҳастанд. Селектори Технологияҳои Сабз ин рӯйхати дастрас аст ва илова кардани технологияҳои нав ройгон мебошад. Агар шумо ягон технологияро донед, ки ба ин меъёрҳои техникӣ ҷавобгӯ мебошаду дар ин руйхат нест, Шумо метавонед онро дар ин ҷо илова кунед.
  • Лоиҳаҳои сармоягузории комплексие, ки мусбӣ арзёбӣ гардидаанд, ба сарфашавии энергия, захираҳо ва об ба андозаи на кам аз 20% намуда, инчунин самараи хуби экологӣ низ медиҳанд.

 

Намунаҳои технологияҳои қобили қабул, ки меъёрҳои асосии мувофиқатро дарбар мегирад аммо маҳдуд намекунад:

 

Занҷираҳои арзиши иловашуда

дар соҳаи кишоварзӣ

Соҳибкорӣ I Манзилӣ
  • Боғҳои интенсивӣ(бо обёрии катрагӣ)
  • Қубурҳои обёрӣ (диаметри қубурҳо на камтар аз 50 мм)
  • Насосҳо барои об (индекси самаранокии насос на камтар аз 0,1);
  • Гармхонаҳо(шиша, полиэтилен >100 мкм)
  • Тракторҳо/комбайнҳо(сарфи нисбии сӯзишворӣ ҳангоми моменти зиёдтарини даврзананда то 233,57 г /кВт·соат)
  • Системаҳои обёрии қатрагӣ;
  • Таҷҳизотҳои самараноки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ(баҳодиҳӣ ҳатмист – сарфаи энергия ё об на камтар аз 20%)
  • Сардхонаҳо(ғафсии изолятсия на камтар аз 100 мм, самаранокии таҷҳизоти чиллер на камтар аз 1,7)
  • Ҷамъоварӣ ва захираи оби борон (ҳаҷми обанбор на камтар аз 20 м3)
  • Техникаи каммасрафи маишӣ (класси А+ ё баландтар)
  • Обгармкунакҳо(класси C ё баландтар)
  • Дегҳо бо биомасса (самаранокии на камтар аз 81%)
  • Лампаҳои каммасраф LED (самаранокии на камтар аз 66,9 лм/В)
  • Изолятсия – гарминигоҳдорӣ(ғафсӣ на камтар аз 50мм)
  • Панелҳои офтобӣ(самаранокии на камтар аз 14%)
  • Обгармкунакҳои офтобӣ (самаранокии на камтар аз 75%)
  • Ивази таҷҳизоти кӯҳна бо нав(бо назардошти баҳодиҳӣ – сарфаи барқ ​​ё об на камтар аз 20%)
  • Ҷамъоварӣ ва захираи оби борон (васлкунанда)

Манфиатҳои GEFF

Сармоягузорӣ ба иқтисоди сабз барои иқтисодиёт манфиатовар буда, барои муҳити зист муфид аст, аз ҷумла партоби газҳои гармхонаиро кам мекунанд, сарфаи энергия, об ва дигар захираҳоро таъмин менамояд.

Манфиатҳои GEFF барои бенефисиарҳои бахши хусусӣ:

 

  • Коҳиш додани истифодаи энергия, об, дигар захираҳо ва хароҷоти ба он вобаста
  • Мақсулнокии бехтар ва эътимоднокии таҷҳизот
  • Баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва рақобатпазирӣ
  • Беҳтар шудани шароити зисти хонаводаҳо ва боло шудани арзиши моликият

Пешниҳоди ариза

  • Аризаи худро ба почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол намоед, то ки мутахассиси мо бо шумо тамос гирад;
  • Ба рақамҳои (44) 600 15 20 ё 52 52 занг занед, мутахассисони мо барои пур кардани ариза ва инчунин интихоби технология ва таҳвилкунандагон ба шумо кӯмак мерасонанд;
  • Барои пешниҳоди ариза ба филиали наздиктарини мо ташриф оваред.