Маблағгузории тиҷоратӣ

Пардохтҳои бехатар ва қулай, хусусан ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо пудратчиҳои нав ва шубҳанок

аз 8%

Меъёри фоизи қарз ҳангоми кушодани аккредитив ё кафолати байналмилалӣ

то 3 сол

мӯҳлати маблағгузорӣ

Афзалиятҳо

Пардохтҳои бехатар

Гирандаи маблағ боварӣ дорад, ки барои мол ё хизматрасонии расонидашуда пардохт мегирад. Дар айни замон, пардохткунанда медонад, ки агар ҳуҷҷатҳо ба шартҳои аккредитив ҷавобгӯ набошанд, бонк пардохт намекунад.

Кам кардани хавфҳо

Барои гирандаи маблағ: хавфи пардохт накардани маблағи молҳои расонида шударо, коҳиш медиҳад. Барои пардохткунанда: хавфи расонида нашудани молро, вайрон кардани мӯҳлати интиқол, набудани ҳуҷҷатҳои заруриро коҳиш медиҳад.

Сарфаи маблағҳои гардиш

Маблағгузории муфид тавассути ҷалби маблағҳо аз ҷониби бонк дар бозори байналмилалӣ
Image

Воситаи маблағгузории тиҷоратиро интихоб кунед, ки ба фаъолияти шумо мувофиқ бошад

  Ҳама намудҳои кафолатҳои бонкӣ;

  Кафолати иҷрои ӯҳдадориҳои пардохт, аз ҷумла тибқи шартнома;

  Кафолати баргардонидани пешпардохт ва ё кафолати иҷрои ӯҳдадориҳо тибқи шартнома;

  Кафолати таъмини ӯҳдадориҳои кафолатӣ тибқи шартнома;

  Кафолати таъмин намудани дархости озмун/ тендер.

Аккредитивҳо барои ҳисоббаробаркунӣ тибқи шартномаҳои тиҷорати хориҷӣ

Ба воридкунандагон

Аккредитивҳои воридотӣ, аз ҷумла пардохти бо мавқуф ва / ё баъд аз маблағгузорӣ.

Ба содироткунандагон

Аккредитивҳои содиротӣ, ки аз ҷониби бонкҳои хориҷӣ ба манфиати ширкатҳои Тоҷикистон бо маслиҳат, тасдиқ / иҷро ва маблағгузорӣ кушода мешаванд.
ҶСП Бонки "Арванд" узви Барномаи мусоидат ва рушди савдои БАТР. мебошад. Ҳадафи барнома ҳавасмандгардонии тиҷорати хориҷӣ бо кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), инчунин байни онҳо мебошад. БАТР хавфҳои пардохтӣ сиёсӣ ва тиҷоратиро, ки бонкҳои иштирокчӣ дар кишварҳои амалиёти БАТР бастаанд, ба дӯш мегирад

Шартҳои пешакӣ оид ба маблағгузории тиҷоратиро дархост намоед

Торговое финансирование

0/9

0/9

0/9

0/9

0/9

0/9

Ба мутахассис савол диҳед

Телефон:
+992 44 600 3301

E-mail:
nilufar.jamolova@arvand.tj