Афзалият

Ҳадафи Барнома ҳимояи ӯҳдадориҳои Қарзгиранда дар назди Ташкилоти қарзӣ мебошад.

Дар замон мо Кредит барои ҳалли масъалаҳои мухталиф, қонеъ кардани талаботҳои ҳамарӯза ё амалӣ намудани идеяҳои ҷолиб имконият фароҳам меорад ва баъзан ҳатто имкон медиҳад, ки орзуи деринаамон амалӣ гардад. Барои соҳибкорон бошад, Кредит имконият медиҳад, ки тиҷорати худро рушд диҳанд.

Бо донистани ҳаҷми даромад ё фоидаи тахминии худ, Қарзгиранда ҳангоми муроҷиат ба Ташкилоти қарзӣ ҳаҷм ва мӯҳлати пардохтҳои қарзии барои ӯ иҷозатдодашударо ба ҳисоб мегирад.

Аммо омилҳое ҳастанд, ки Қарзгиранда онҳоро пешакӣ ба ҳисоб гирифта наметавонад. Ин омилҳо, аз ҷумла, инҳоро дар бар мегиранд: Ҳодисаҳои нохуш ва бемориҳое, ки метавонанд бо ҳар кас ва дар ҳар вақт рӯй диҳанд. Дар натиҷа, Қарзгиранда хавфи корношоям шудан ё ҳатто аз он ҳам бадтар, хатари аз ҳаёт маҳрум шуданро дорад. Дар баробари ин, ӯҳдадориҳои қарзгиранда дар назди ташкилоти қарзӣ дар ҳеҷ куҷо нопадид намешаванд ва масъулияти пардохти қарз ба дӯши хешовандон ва наздикон, зоминони ӯ вогузор карда мешавад.

Барои он ки Қарзгир тавонад дар ҳолати рух додани чунин ҳодисаҳо худро муҳофизат намояд ва аз хароҷоти молиявии ғайричашмдошт эмин монад, Ташкилоти суғуртавии «БИМА» Барномаи суғуртаи «Приоритет»-ро таҳия намудааст.

Идеяи асосии Барнома чунин аст:

Агар қарзгиранда дар давоми Шартномаи кредитӣ дар натиҷаи ҳодисаи нохуш ё беморӣ коршоямии худро аз даст диҳад ё аз ҳаёт маҳрум шавад, Ташкилоти суғуртавӣ ба ҷои қарзгиранда Қарзи ӯро ба андозаи маблағи қарздории ӯ дар назди ташкилоти қарзӣ пардохт менамояд.

Ин ба Қарзгиранда имкон медиҳад, ки дар ҳолати ҳодисаи ғайричашмдошт бори масъулиятро ба дӯши Ташкилоти суғуртавӣ вогузор намояд, муҷозот ва ҷаримаҳо барои Қарзи ба таъхир андохтаро пешгирӣ намояд, худро ба хешовандон ва дӯстони худ аз ҷиҳати молиявӣ ҳавола нагардонад ва ҳатто барои мутобиқшавӣ дар шароити нави зиндагӣ маблағи муайяне гирад.

Алоҳида ҳисоб карда мешавад.

ДИҚҚАТ! Пардохти суғуртавӣ танҳо дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуш амалӣ мегардад.