Амонатҳо

Амонатҳо дар ҶСП Бонки "Арванд" роҳи содда ва қулайи ҷамъоварии маблағ мебошад, ки фоидаи мӯътадилро кафолат медиҳад.

Пасандозҳои мӯҳлатнок бо фоизҳои баланд ва сармоягузории ҳармоҳа барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҶСП Бонки"Арванд" пешниход шудаанд, ки яке аз роххои бехавфи чамъоварии маблагхои пули ба хисоб рафта, ба мизочон имкон медиҳанд, ки дар ҳолати зарурӣ онхоро бозпас гиранд.

 

Амонатҳои дар ҶСП Бонки "Арванд" кушодашаванда ин:

Кафолати бехатари;
Фоизҳои муносиб;
Шароити ҷолиб барои нигаҳдорӣ ва афзоиши пасандозҳо
 

Шумо метавонед бо се асъор пасандозҳо кушоед:

Пули миллӣ - сомонӣ;
Рубли русӣ;
Доллари ИМА 
 

Афзалияти амонатхо дар ЧСП Бонки "Арванд":

Кушодани пасандоз ба Шумо имкон медиҳад, ки даромади устувор гиред. Хатари ин амалиёт ночиз аст ва дурнамояш - дарозмуддат.
Амонатҳо дар Бонки "Арванд" дар вақти мувофиқ барои Шумо вобаста аз эҳтиёҷоти инфиродӣ кушода мешаванд. Чӣ қадаре, ки мӯҳлати пасандоз дароз карда шавад, ҳамон қадар фоизи амонат зиёдтар аст.
Имконияти истифодаи фоизҳо аз рӯи амонат мувофиқи хоҳиши Шумо. Шароити истифодаи онҳо хеле тағйирпазир аст. Агар Шумо фоизи ҳисобшудаи худро нагиред, онҳо ба маблағи асосӣ илова карда мешаванд. Дар натиҷа, даромади шумо боз ҳам бештар мешавад!
Тамдиди пасандозҳо бе зарурати боздид аз Бонки «Арванд». Агар пас аз ба охир расидани мўҳлати пасандоз Шумо онро нагиред он ба таври автоматики тамдид карда мешавад.
Ҳиссагузориҳои иловагӣ барои дилхоҳ маблағ то нисфи мӯҳлат.
Хидмати босифат ва кормандони соҳибихтисос.

Арванд

Ташкилоти амонатии кредитии хурди

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, х. И.Сомони 1-а

+992 (92) 795-00-01
office@arvand.tj