24.09.2019

Имзои созишномаи қарзӣ оид ба ҳамкории байни ҶСП Бонки «Арванд» ва Иттиҳодияи Молиявии Байналхалқӣ (IFC).

Санаи 20-уми сентябри соли 2019 дар Офиси асосии ҶСП Бонки «Арванд»   нишасти матбуотии расмӣ ба муносибати ба имзорасии созишномаи қарзӣ оид ба ҳамкории «Арванд»  ва Иттиҳодияи Молиявии Байналхалқӣ (IFC) баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ менеҷери минтақавии Иттиҳодияи Молиявии Байналхалқӣ (IFC) – хонум Кассандра Колберт, намояндаи шуъбаи минтақавии Бонки Миллии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд – Сиярова З.Р, роҳбарияти ташкилот (бонк) ва намояндагони ВАО ширкат намуданд.

IFC, ки ба Гуруҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ дохил мешавад, дар ҳаҷми 2,5 млн. доллари ИМА ба ҶСП Бонки «Арванд», яке аз бонкҳои пешрави Тоҷикистон  қарз пешниҳод мекунад. Сармоягузории  IFC ба «Арванд» имкон медиҳад, ки тиҷорати хурд ва миёна, ҳамчунин соҳибкорони минтақаҳои дурдасти Тоҷикистонро маблағгузорӣ намояд ва бо ҳамин роҳ ба рушди иқтисодии яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ  мусоидат намояд.

Маблағгузорӣ аз ҳисоби свопҳои мултиасъорӣ бо механизми асъори маҳаллӣ дар доираи равзанаи сектори хусусии Ассотсиатсияи байналхалқии рушд (АБР)  таъмин мегардад. Ин маблағгузории дарозмуҳлат ба «Арванд» имконият медиҳад, ки қарзҳои хурд барои оилаҳои даромади камдоштаро дар саросари Тоҷикистон зиёд намояд ва ба онҳо ба сохтмони хонаи нав ва таъмири хонаҳои мавҷуда кӯмак расонад. Ҳамчунин қарздиҳӣ ба соҳибкорони алоҳида, муассисаҳои микро ва хурд, ки бештар душвории дастрасӣ ба сармоягузориро ҳис мекунанд, ки барои онҳо барои васеъ кардани тиҷорат зарур аст, кӯмак мекунанд.

«Хонаи истиқоматӣ дар минтақаҳои деҳоти  Тоҷикистон  ва сармоягузории калон ва муфид ба зиндаги, ки зиёдатии аҳолӣ ба назар мерасад махсусан муҳим ҳисобида мешавад. Ғайр аз ин щоло дастрасӣ ба сармоягузории хонаҳо вуҷуд надорад. Ҳамкории мо бо IFC ба иваз кардани ин ҳолат равона карда шудааст», - қайд намуд Директори  генералии ҶСП Бонки «Арванд» муҳтарама Содиқова Шоира Музаффаровна.

Ба воситаи сармоягузорӣ ва хизматрасониҳои IFC баҳри дастоварди вазифаҳои ҳам иҷтимоӣ ва ҳам иқтисодӣ метавонад тавозун таъмин бошад, ки дар рушди соҳибкории хурду миёна ва беҳтарсозии некӯаҳволии аҳолии кишвар нақши назаррас мебозад.

Тоҷикистон соли 1994 аъзои IFC гардид. Аз соли 1997 IFC барои дастгирии 33 лоиҳаҳо дар сектори молиявӣ, қувваи барқ, савдои чакана, саёҳат ва саноати сабук 81 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ намуд. Аз соли 2004 IFC  ҳамчунин дар Тоҷикистон хизматрасониҳои машваратиро пешниҳод мекунад.

Арванд

Ташкилоти амонатии кредитии хурди

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, х. И.Сомони 1-а

+992 (92) 795-00-01
office@arvand.tj