
Cбербанк онлайн
Дӯстон❗
Мо ба шумо фавран хабар медиҳем, ки акнун муштариён ва корбарони барномаи "Арванд" имкони интиқоли маблағро аз Русия ба Тоҷикистон тавассути барномаи мобилии Сбербанк онлайн доранд.
ДАСТУРАМАЛ:
1. Барои фиристодани маблағ аз барномаи Сбербанк онлайн, мизоҷ бояд ба ҷадвали "Платежи" ворид шуда, имконоти "За рубеж" -ро интихоб кунад.
2. Ҷадвали "Переводы за рубеж" кушода мешавад, ки дар он ирсолкунанда "По номеру телефона" интихоб мекунад.
3. Дар ҷадвали "Направление перевода", "Таджикистан" -ро интихоб мекунад.
4. Дар ҷадвали "Таджикистан" , "Банк Арванд" -ро пахш мекунад.
5. Дар ҷадвали кушодашудаи "Банк Арванд" рақами телефони қабулкунандаро ва маблағи интиқолро мечинад, баъд тугмачаи "Продолжить"-ро пахш мекунад.
6. Номи дурусти қабулкунанда ва маблағи ирсолро месанҷад ва маблағи бо сомонӣ воридшударо тафтиш мекунад ва тугмаи "Оплатить" -ро, ки дар он маблағи интиқол нишон дода шудааст, пахш менамояд.
Табрик мекунем, интиқол бо муваффақият фиристода шуд.