Эълон!

Мизоҷони мӯҳтарам!

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки аз 24 марти соли 2022 низоми пардохтии "WESTERN UNION"
дар қаламрави Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Беларус фаъолияти худро қатъ менамояд.

Вобаста ба ин, ҳамаи интиқоли маблағҳое, ки то 24 март аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Беларус тавассути системаи WESTERN UNION фиристода мешаванд,
ба қабулкунандагон бе мамониат пардохт карда мешаванд.

Интиқоли маблағҳое, ки тавассути низоми "WESTERN UNION" ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дигар кишварҳо, ба истиснои Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Беларус
фиристода мешаванд, ба қабулкунандагон дар Бонки "Арванд" тибқи тартиби муқаррарӣ анҷом дода ва пардохт карда мешаванд.