Имзои Созишнома бо "Фонди Бозтамвил"

Саҳми бахши бонкӣ дар дастгирии рушди соҳибкории хурдтарин, хурд ва миёна дар минтақаҳои деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Санаи 6 майи соли ҷорӣ маросими ботантанаи имзои созишномаи дуҷониба байни Фонди қарзии хурди “Фонди Бозтамвил” ва ҶСП Бонки “Арванд”, ки солҳои тулонӣ ҳамкорӣ доранд, баргузор гардид. Созишномаро роҳбарони ҳар ду ҷониб Раиси Раёсати ФҚХ “Фонди Бозтамвил” Раҳмонзода Шариф ва Раиси ҶСП Бонки “Арванд” Содиқова Шоира Музаффаровна имзо намуданд.

Фонд бо мақсади дастгирии ташкилотҳои қарзии молиявии ватанӣ, васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, рушди фаъолияти соҳибкории хурд ба ҶСП Бонки “Арванд” хатти қарзӣ ба мӯҳлати 3 сол пешкаш намуд. Маблағи мазкур барои пешниҳоди қарзҳо ба корхонаҳои хурду миёна, дастгирии соҳибкорӣ ва рушди низоми молиявӣ дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ, равона гардида, боиси дастрасии аҳолӣ ба захираҳои қарзии нисбатан арзон мегардад. Созишнома ба ҶСП Бонки “Арванд” имкон медиҳад, ки соҳаро бо фароҳам овардани шароити мусоид ва қобили қабул барои дарёфти дастгирии молиявӣ ҳавасманд намояд, ки ин дар навбати худ дар рушди стратегии фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар саҳми арзанда хоҳад дошт.

 ФҚХ “Фонди Бозтамвил” ва ҶСП Бонки “Арванд” аз имкони мусоид истифода намуда,  дар асоси боварӣ ва ҳамкории судманди дуҷониба ҳамкориҳои худро таҳким мебахшанд, ки ин бешубҳа ба рушди фаъолияти  соҳибкорӣ дар Тоҷикистон таъсири мусбии худро мерасонад.

Боиси қайд аст, ки ҳангоми ба имзорасонии шартнома Раиси Раёсати ФҚХ “Фонди Бозтамвил” муҳтарам Раҳмонзода Шариф қайд намуданд, ки Фонд омодааст, ки бо ташкилотҳои қарзии молиявии ватанӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда ба онҳо қарзҳои дарозмуҳлат бо фоизҳои дастрас ва бо пули миллӣ барои амалӣ намудани нақшаҳои минбаъдаашон пешниҳод намояд, ки ин ба рушди иқтисодиёти мамлакат ва ноил гардидан ба ҳадафҳои оинномавии Фонд мусоидат менамояд.