"Мо Ҳамдардем"

Ҳамватанони азиз!

Бонки "Арванд" ба ташаббуси ТХҶ"Пешрафт" ҳамроҳ мешавад ва аз ҳамаи онҳое, ки ба ин мушкилӣ бетараф нестанд даъват менамояд, ки ин ташаббусро дастгирӣ кунанд.

Махсусан барои ин, бонки мо барои саҳм гузорӣ имконият фароҳам овардааст. Шумо метавонед маблағро ба рақами +992927950001 тавассути барномаи Arvand ё терминалҳои пардохти фиристед. Вазифаи умумӣ ин ҷамъоварии 1 миллион сомонӣ дар саросари ҷаҳон дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанд, аҳолии Тоҷчикистон ва ҳориҷиёне, ки кишвари моро медонанд, гузошта шуда буд. Дар навбати худ, шарикони корпоративии иқдом ва шарикони муассиси "Пешрафт" (ҶСП Бонки "Арванд", "TADES", "Алиф Банк" ва дигар шарикон ва донорҳои хусусӣ) маблағи ҷамъкардаашонро дучанд мегардонанд ва дар ҳаҷми умумии 2 миллион сомонӣ дастгирӣ мекунанд. Маблағҳои ҷамъшуда ба мо имкон медиҳанд, ки таҳвили маҷмӯии хӯрокворӣ ва молҳои зарурӣ барои оилаҳои зарардида, пиронсолони танҳомонда ва кормандони тибро, ки 24 соат дар сафи пеш бо COVID-19 мубориза мебаранд, ташкил диҳем. Тибқи иттилои созмондиҳандагон, фарогирии умумии кӯмак беш аз 100 ҳазор нафарро ташкил хоҳад дод. Дар вилояти Суғд ин амалиёт аз ҷониби Бонки "Арванд" роҳбарӣ карда мешавад - рӯйзати оилаҳои ниёзмандро муайян мекунад ва таҳвилро якҷоя бо фондҳои хайриявӣ ташкил мекунад. Дар марҳилаи аввал, Бонки "Арванд" ният дорад , ки маҷмӯаи 1500 на танҳо дар шаҳрҳо, балки дар деҳот низ ба оилаҳо расонад.

Роҳҳои дигари саҳмгузорӣ: 

1. Бо кортҳои VISA, MasterCard, American Express дар платформаи Gofundme  bit.ly/tjkhelp

2. Шумо метавонед бо истифодаи Facebook Donations хайрия кунед bit.ly/tjkhelpfb
 

3. Агар Шумо барномаи Сбребанкро дошта бошед, метавонед ба ин рақами телефон +7 918 631 1272 ё ба корт 2202 2001 0064 0273 (Нодирҷон Нозимоҷич) фиристед

4. Агар Шумо аз Тоҷикистон пул фиристед, Шумо метавонед "Пешрафт" - ро дар барномаи Алиф Моби пайдо кунед ё ба ин рақам 93 4847700 фиристед