Кӯмак ба 600 оила дар вилояти Суғд

Хамватанони азиз!
Хисобот оиди корхои ичрошуда дар назди онхое, ки бетараф намонданд ва саҳми бебаҳо гузоштаанд, инчунин дар назди он нафароне, ки дар таксимоти бастаҳои кӯмаки давраи якум иштирок намуданд.
Бонки “Арванд” дар доираи иқдоми ТЧХ “Пешрафт” таҳти унвони “Мо Ҳамдардем!”, ки расман 5-уми майи соли ҷорӣ оғаз гардида буд, дар ҷамъоварии маблағ  аз тамоми ҷаҳон миёни тоҷикистониёни  дар хориҷа сукунат дошта, аҳолии Тоҷикистон ва хориҷиён, ки бо кишвари мо ошно буда,  нисбати мукшилоти ба сари ҳамватанони мо омада бетараф нестанд, фаъолона иштирок намуд.

Дар натиҷа ба маблағи аз зиёда 1000 донорон, чунончӣ шарикон- муассисони ТЧХ “Пешрафт”, ҶСК “Алиф Бонк”, Ширкати “ТАДЭС” ва дигар хайрияҳои фардии ҷамъгардида, ки бо саҳмгузории Бонки “Арванд” пурра гардид, бастаи маҳсулот ва молҳои ниёзи мардум ба миқдори 1500 адад, барои ном ба ном супоридан ба оилаҳои ҷабрдида, нафарони солхӯрдаи танҳо ва кормандони хурди тиб, ки пайваста дар мубориза алайҳи COVID-19 дар хати аввали ҷабҳа қарор доранд, омода карда шуд. Руйхати мухточон аз тарафи ташкилотхои хайриявии ба мисли: «Чамъияти Хилоли ахмари Точикистон дар вилояти Сугд» ва Ташкилоти чамъиятии «Назари Дигар» тартиб ва пешниход карда шуд.

Дар навбати худ хиссаи ташкилоти «Такси24»-ро бояд кайд намуд, ки ройгон дар дастрас намудани кумак дар хухуди шахри Хучанд иштирок намудаанд ва иштироки ихтиерчиени «Чамъияти Хилоли ахмари Точикистон дар вилояти Сугд»-ро дар таксимоти он. Инчунин дар минтакахои бо ташаббус фарогирифта кумак аз тарафи зиеда аз 105 нафар кормандони Бонки «Арванд» дастрас гардид.

Имруз, 23 маи 2020, дар арафаи Иди Рамазон – ба 600 оилахо дар шахри Истаравшан, нохияхои Шахристон, Зафаробод, Гончи, Мастчох, Бобочон Гафуров, шахрхои Бустон (Чкаловск) ва Хучанд мачмуи озукавори ва махлули безараргардони, ки дар мавриди эхтиет ва химоя аз касал зарур мебошанд, дастрас карда шуд.

Ташаккур ба хамаен, ки худро дар канор нагузошт, ва дуову орзуи умри дароз ва саломатиро аз оилахое, ки имруз дасти ерии моро дидаанд, мерасонем!