Рушди соҳибкорӣ дар деҳот!

Имзои созишномаи ҳамкорӣ байни ҶСП Бонки «Арванд» ва Фонди қарзии хурди «Фонди Бозтамвил».

Аз санаи 09 феврали соли ҷорӣ, барои дастгирии соҳибкорӣ дар минтақаҳои деҳотии кишвар, пешниҳоди қарзҳо бо шартҳои муфид дар тамоми низомии ҶСП Бонки «Арванд» боз ҳам зиёд шуда истодааст. Хусусияти ин лоиҳа дар он аст, ки қарзҳо то 200 ҳазор сомонӣ ба аҳолии ҷойгир берун аз ҳудуди шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд пешниҳод карда мешаванд, ки бартарии зиёдеро дарбар мегирад. Чунин имконият, ба шарофати имзои созишнома ва тасдиқ шудани хатти қарзӣ дар ҳаҷми 15 млн. сомонӣ аз тарафи Фонди қарзии хурди «Фонди Бозтамвил» - и Тоҷикистон имконпазир гардид. Бояд қайд кард, кӣ дар тӯли чандин солҳо ин ду ташкилот ҳамкории зич доранд ва то айни замон муносибатҳои устувори кориро мустаҳкам гардонидаанд. Дастгирии навбатӣ аз тарафи ин Фонд, нишондиҳандаи боварӣ ва кафолати рушд дар бозори молиявии Тоҷикистон мебошад. Инчунин, кӯшишу меҳнати пурсамари кормандони ҶСП Бонки «Арванд» барои амалӣ гардонидани чунин лоиҳаҳо баҳри дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии молиявӣ беназир аст.