03.10.2019

Табдилёбии беназир дастрасии хизматрасонии молиявиро дар Тоҷикистон беьтар менамояд!

Хуҷанд, Тоҷикистон, “03” октябри с.2019 - Ташкилотҳои қарзӣ ҶДММ ТАҚХ "Арванд" ва ҶСП "АксессБонк Тоҷикистон" оиди ижроиши бомуваффаки марҳилаи муҳими ҷараёни якҷояшавӣ ва табдилдиҳиро ба ҶСП Бонки "Арванд" эълон мекунанд.

Санаи 30 сентябри с.2019 маросими расмии пешниходи Иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ аз тарафи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон  Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба Раиси ҶСП Бонки «Арванд» Содиыова Шоира Музаффаровна, баргузор гардид.
Бо гирифтани Иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон № 0000105 аз “30” сентябри с.2019 марҳилаи муҳими муттаҳидшавии ду ташкилотҳои қарзӣ ва табдилёбӣ ба Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи  Бонки "Арванд" ичро шуд.

Бонки навтаъсис – ҶСП Бонки «Арванд», ки яке аз ташкилотҳои маблағгузории хурди пешрави кишварро ва бонки тиҷоратиро, бо стандартҳо ва муносибатҳои аврупоии умумиэътирофгардида ҷиҳати дастгирӣ ва рушди СХМ, пайваст, ба мизоҷон таҷрибаи бузург ва дониши амиқро дар соҳаи маблағгузорӣ дар ҳамоҳангӣ бо доираи фарохи хизматрасониҳои бонкӣ пешниҳод менамояд, ки ба мизоҷон дар ҳалли масъала ва мушкилоти мураккаби онҳо кумак мерасонад.

Яке аз афзалиятҳои ҶСП Бонки «Арванд» ҳимояи манфиатҳои мизоҷон мебошад, ки он дар ҷои аввал меистад. Ба ҳам мувофиқ омадани арзишҳои асосӣ, ба монанди шаффофият, кордонӣ ва масъулиятшиносӣ, барои бомуваффақият татбиқ намудани раванди  ҳамроҳкунӣ ва рушди босамари оянда ба сифати Бонк, ки стандартҳои идоракунии корпоративиро татбиқ мекунад ва устувории молиявӣ ва амалиётиро таъмин менамояд, замина бунёд намуданд. Бонк истифодаи принсипҳои боэътимоди маблағгузории хурд, амалияи беҳтарини байналхалқиро дар мусоидат ба рушди иқтисодӣ идома хоҳад дод. 

«Дар солҳои охир сохаи хизматрасониҳои молиявӣ тағйироти назаррасеро паси сар намуданд: ташкилотҳои молиявӣ мақсад доранд, ки фаъолияти амалиётиро боз ҳам шаффофтар, идоракунии хавфҳоро – мувофиқтар ва хизматрасониро ба мизоҷон – боз ҳам босифаттар гардонанд, - қайд менамояд и.в. Раиси Раёсати ҶСП Бонки «Арванд» Шоира Музаффаровна Содиқова. Имрӯзҳо таъмини фаъолияти то ҳадди ниҳоӣ самарабахш ва ҳамзамон нигоҳ доштани афзалиятҳои рақобатнокӣ дар ҷои аввал меистанд. Ба туфайли муттаҳидшавии саъю кӯшиши ду ташкилоти молиявӣ, мизоҷони чакана ва иттиҳодӣ метавонанд ба маҷмӯи хизматрасониҳои фарохтар ва такмилгардида, аз ҷумла хизматрасонии фосилавии бонкӣ, таваҷҷӯҳи бештар, имкониятҳои зиёдтар ва кору фаъолияти кормандони аз ҷиҳати шумор бештаргашта, баҳои сазовор диҳанд».

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, дар навбати худ, мушкилӣ ва аҳамиятнокии табдилёбиро қайд намуд. Бонки дар натиҷа навтаъсисёфта барои густариш ва фарохтар гардидани фаъолият дар саросари кишвар, бештар шудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва таъмини хизматрасонии босифат ба аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.

Арзишмандии табдилёбии мазкур аз ҳисоби татбиқи имкониятҳои ниҳонии ташкилот ташаккул меёбад, зеро акнун таҳти як маъво ҳамаи ҷиҳатҳои арзишманд – дороиҳо, тартибҳо, брендҳо, кормандони беҳтарин ва дар амал татбиқ намудани имкониятҳои стартегии нав, ки барои афзун намудани иқтидори бозтамвил ва ба даст овардани манбаи иловагии сармоя мусоидат менамояд, муттаҳид гардидаанд.

ҶСП Бонки «Арванд» ҷиҳати амалигардонии рисолати худ – бо мақсади ҳавасмандгардонии рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон пешниҳоди босифати хизматрасониҳои талабгардидаи молиявӣ, тамоми саъю кӯшиши худро равона хоҳад кард.

Маълумот дар бораи ҶДММ ТАҚХ «Арванд»

ҶДММ Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Арванд» аз соли 2002 хизматрасониҳои молиявиро аз қабили қарзҳо, амонатҳо, хизматрасониҳои ҳисоббаробаркунии хазинавӣ, интиқоли пул, мубодилаи асъор ва як қатор хизматрасониҳои ғайримолиявӣ ба соҳибкорон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути наздики 70 воҳидҳои сохторӣ дар қаламрави кишвар пешниҳод мекард. Дар рафти жараёни табдилёбц Сандуқи фаъоли ыарзии ташкилот дар андозаи қариб 350 млн TJS барои рушди тиҷорат ва беҳтаргардонии некуаьволии 40 000 мизоҷон, ки 73%-и онҳо сокинони манотиқи деҳот мебошанд, равона карда шудааст. Зиёда аз 30 000 амонатгузорон ба маблағи наздики 80 млн TJS пасандози худро гузоштаанд. Соли ҷорӣ наздики 400 000 транзаксияҳо оид ба интиқоли пул гузаронида шуданд.

Маълумот дар бораи ҶСП "АксессБонк Тоҷикистон"

Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи "АксессБонк Тоҷикистон" моҳи апрели с.2010 расман кушода шуд. Бонк ба рушди сектори хусусӣ, ҷараёни сармоягузорӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ тавассути пешниҳоди хизматрасониҳои мувофиқи молиявӣ мусоидат намуд.

То 31 августи соли 2019, АБТ ба соҳибкорони хурду миёна беш аз 44 ҳаз. қарз ба маблағи такрибан 1,200 млн TJS пешниход намуда, ба кишвар дар ҳаҷми 50 млн USD сармояҳои хориҷӣ ҷалб кард ва беш аз 1000 мутахассисони ҷавонро барои пешниҳоди хизматрасонии босифати молиявӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ омӯзонид. АксессБонк Тоҷикистон асосан ба АccessMicrofinance Holding AG (минбаъд "AccessHolding"), Олмон, тааллуқ дорад, ки шабакаи ташкилотҳои маблағгузории хурдро дар тамоми ҷаҳон идора мекунанд.

Дар бораи AccessHolding

Access Microfinance Holding AG соли 2006 дар шаҳри Берлин (Олмон) аз ҷониби як гурӯҳи сармоягузорони хориҷӣ аз бахшҳои давлативу хусусӣ таъсис ёфтааст. AccessHolding сармоягузори стратегӣ ва менеҷери фаъоли муассисаҳои молиявӣ дар шабакаи худ мебошад, ки айни замон аз 8 муассиса дар минтақаи Сахараи Африко, Евразия ва Амрикои Ҷанубӣ иборат аст. Дороиҳои умумии AccessGroup беш аз 500 млн EUR аст ва шумораи коргарон дар саросари ҷаҳон беш аз 6,700 нафарро ташкил медиҳад.Маълумоти бештарро дар бораи AccessHolding дар сайти www.accessholding.com дарёфт намоед.      

Арванд

Ташкилоти амонатии кредитии хурди

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, х. И.Сомони 1-а

+992 (92) 795-00-01
office@arvand.tj